Душанбе, 01 декабр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар пойтахт 29 ноябр ҷаласаи васеи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти дастаи мунтахаби миллии футзал дар соли 2025 ҷамъбаст шуда, самтҳои асосии рушди минбаъдаи ин навъи варзиш баррасӣ шуданд.

Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, сармураббии дастаи мунтахаб Пайрав Воҳидов ҳисоботи муфассали худро оид ба натоиҷи соли ҷорӣ пешниҳод кард. Дастаи миллӣ дар соли 2025 ҳамагӣ 11 бозӣ анҷом дод: 5 вохӯрии дӯстона, 3 бозии даври интихобии Ҷоми Осиё-2026 ва 3 бозии Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ. Дар ҳайати даста 23 бозингар аз 8 дастаи кишвар иштирок доштанд, ки ба гуфтаи мутахассисон, нишондиҳандаи рақобатпазирии рӯзафзун байни варзишгарон мебошад.
Пайрав Воҳидов барномаи омодагии дастаи миллӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026-ро, ки қарор аст дар Индонезия баргузор шавад, муаррифӣ намуд. Барнома гузаронидани тамринҳои муштарак ва иштирок дар бозҳои дӯстонаи байналмилалиро дар бар мегирад.
Яке аз масъалаҳои калидии ҷаласа камбуд будани бозингарони соҳибихтисоси футзал буд, ки метавонанд дар солҳои наздик дастаи миллиро тақвият бахшанд. Узви кумитаҳо зарурати баланд бардоштани сифати тайёрии бозингарони ҷавон ва густариши ҳамкории байни клубҳои футзали кишварро таъкид карданд.
Кумитаи футзал масъалаи татбиқи технологияи кӯмаки доварон (VAR) дар бозиҳои даври плей-офф Суперлигаи Тоҷикистон-2025-ро низ мавриди баррасӣ қарор дод. Татбиқи ин система сатҳи адолати довариро боло бурда, шумораи қарорҳои баҳсиро коҳиш хоҳад дод.
Ҳамчунин, пешниҳод оид ба истифодабарии системаҳои GPS барои назорати нишондиҳандаҳои ҷисмонии бозингарон дастгирӣ пайдо кард. Мутахассисон бар онанд, ки чунин технологияҳо ба беҳтар намудани нақшаи тамрин ва пешгирии осебҳо мусоидат мекунанд.
Дар ҷаласа пешниҳоди таъсиси дастаҳои кӯдаконаю наврасӣ назди клубҳои Суперлига матраҳ гардид. Ин иқдом ҳамчун пояи муҳими ташкили захираи кадрӣ барои дастаҳои миллии кишвар арзёбӣ мешавад.
Дар ҷамъбасти ҷаласа гуфта шуд, ки рушди ҳамаҷонибаи футзал — аз кор бо ҷавонон то ҷорӣ кардани технологияҳои муосир — омили калидӣ дар боло бурдани рақобатпазирии дастаи миллии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ хоҳад буд.
ФОТО: Федерация футбола Таджикистана
