Дар Душанбе ҷаласаи  навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Русия баргузор мегардад – ИА Караван Инфо
Дар Душанбе ҷаласаи  навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Русия баргузор мегардад

Ҷаласаи  навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия 4 октябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад. Дар ин бора  20 сентябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия зимни вохӯрии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Вазири энергетикаи Федератсияи Русия Сергей Сивилёв иттилоъ дода шуд.

Зимни  вохӯрӣ ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика, аз ҷумла таҳияи стандартҳои соҳавӣ ва фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ёдовар мешавем, ки 8-9 феврали соли 2021 дар шаҳри Москва ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор шуда буд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: