XXII ҷаласаи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба бехатарии саноатии ИДМ аз 17 то 18 сентябр дар Душанбе баргузор гардид. Дар кори он намояндагони мақомоти назорати давлатии соҳаи бехатарии саноатӣ аз Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Комиссияи иқтисодии Аврупоии СММ ширкат варзиданд.
Намояндагони Туркманистон ва Ҷумҳурии Халқии Чин ҳамчун мушоҳидагар даъват шуда буданд.
Котиботи Иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар ин вохӯрӣ Валерий Трошко, мушовири шуъбаи ҳамкорӣ дар соҳаи амният, намояндагӣ кард. Ӯ қайд кард, ки имрӯз ИДМ дорои барномаи равшан ва мутавозин аз амалҳои муштараки аввалиндараҷа ва дурнамоист, ки барои таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ ва рушди динамикии иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои узв нигаронида шудааст.
Натиҷаҳои санҷишҳое, ки дар солҳои охир гузаронида шудаанд, нишон медиҳанд, ки сатҳи вайронкунии қоидаҳо ва меъёрҳои бехатарии техникии корхонаҳои ҳамаи шаклҳои моликият ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Ин, дар навбати худ, аз баланд шудани масъулияти роҳбарон ва соҳибони ташкилотҳои истифодабарандаи иншоот шаҳодат медиҳад.
Дар ҷараёни ҷаласа иштирокчиён натиҷаҳои фаъолияти худро дар соли 2023-2024 мухтасар арзёбӣ карданд ва рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои асосии иҷрои Созишномаи “Дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини бехатарии саноатӣ дар объектҳои истеҳсолии хатарнок барои давраи соли 2021 то 2026” -ро баррасӣ карданд.
Фото: Хадамоти матбуоти Котиботи Иҷроияи ИДМ