Дар Душанбе ҳамоиш дар бораи асосҳои қонунгузории гузариш ба рушди «сабз» баргузор гардид – ИА Караван Инфо
 Дар Душанбе ҳамоиш дар бораи асосҳои қонунгузории гузариш ба рушди «сабз» баргузор гардид

Душанбе, 04 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 2 октябр таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гиёзода Азиз мизи мудаввар  дар мавзуи “Парламент ва иқтисоди даврӣ дар Тоҷикистон: асосҳои қонунгузории гузариш ба рушди сабз”,   бо ташаббуси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Қайд гардид, ки   мо дар шароити буҳрони сегонаи хавфи экологӣ — тағйирёбии иқлим, коҳишёбии гуногунии биологӣ ва ифлосшавии муҳити зист зиндагонӣ менамоем. Барои шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун кишвари аз лиҳози таъсири тағйирёбии иқлим осебпазир арзёбӣ гардидааст, масъалаи устуворӣ ба ингуна буҳрони экологӣ ба авлавияти стратегӣ табдил ёфтааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист аз 17 сентябри соли ҷорӣ ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои марбута супориш доданд, ки «Стратегияи миллии идоракунии партовҳоро барои давраи то соли 2035» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Афзоиши аҳолӣ, рушди саноат, васеъшавии сохтмон ва зиёдшавии воситаҳои нақлиёт боис гардидааст, ки ҳаҷми партовҳо босуръат афзоиш ёбад.

Бояд зикр намоям, ки дастуру супоришҳои Сарвари давлат ба таври мантиқӣ идомаи самти стратегии кишварамон дар роҳи гузариш ба модели рушди сабз ва иқтисоди даврӣ ба ҳисоб меравад.

Рушди  иқтисоди сабз ва иқтисоди даврӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун самтҳои муҳимми сиёсати иқтисодӣ ва экологӣ қарор гирифта бо мақсади расидан ба рушди устувор ва коҳиш додани таъсири манфии иқтисод ба муҳити зист татбиқ мешаванд.

Дар вохӯрӣ  Карин ОЛИСЛАГЕРС-Атташе ва менеҷери барномаҳои ҳамкорӣ дар Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, гурӯҳи вакилон ва дигар шахсонӣ расмӣ иштирок ва андешаронӣ намуданд.

Дар кори мизи мудаввар, инчунин, Роҳбари дастаи лоиҳаи SWITCH-Asia хонум Зинаида Фадеева ба таври маҷозӣ иштирок   ва   суханронӣ намуд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: