Душанбе, 20 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Душанбе аввалин хосписи кӯдакона «Тасаллo», ки барои кӯдакони гирифтори бемориҳои саратон дар марҳилаи IV хизмат мерасонад, ифтитоҳ гардид. Хоспис дар асоси Маркази ҷумҳуриявии илмии онкология назди Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҷойгир буда, як лоиҳаи беназир барои минтақа мебошад.

Иттилоот дода мешавад, ки ташаббускори таъсиси хоспис асосгузори фонди хайрияи «Лона» Озода Раҳмон мебошад. Ҳадафи лоиҳа — таъмин намудани дастгирии ҳамаҷонибаи тиббӣ ва психологӣ ба кӯдакон ва оилаҳои онҳо дар давраи душвори беморӣ ва баланд бардоштани дастрасӣ ба кӯмаки махсус барои кӯдакони вазнин аст.
Беморхона бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардида, барои оилаҳо шароити ором ва кӯмакрасонӣ таъмин шудааст. Дастгирии психологӣ ва таваҷҷуҳ ба ҳолати равонии беморон ва наздиконашон ба қисми муҳими фаъолияти хоспис табдил ёфтааст.
Ифтитоҳи «Тасаллo» аҳамияти масъулияти иҷтимоӣ ва рушди низоми ёрии палиативиро дар Тоҷикистон нишон медиҳад ва кӯшишҳои давлат ва ҷомеаро барои дастгирии гуруҳҳои осебпазиртарини шаҳрвандон таҷассум мекунад.
АКС: Маркази ҷумҳуриявии илмии онкология назди Вазорати тандурустии Тоҷикистон
