Дар Душанбе бахшида ба рӯзи таъсиси «Телевизиони Тоҷикистон» ҳамоиши илмӣ баргузор шуд – ИА Караван Инфо
Дар Душанбе бахшида ба рӯзи таъсиси «Телевизиони Тоҷикистон» ҳамоиши илмӣ баргузор шуд

Душанбе, 06 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот».  3 октябр дар Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» бахшида ба рӯзи таъсиси «Телевизиони Тоҷикистон» таҳти унвони «Таърих ва ташаккули телевизион ва радиои тоҷик» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.

Тавре аз Академия хабар доданд, зимни ҳамоиш иштирокчиён масъалаҳои марбут ба таърихи телевизион ва радиои тоҷик, рушди он дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, тавсеаи технологияҳои муосири телевизионӣ ва радиоӣ, ва инчунин усулҳои беҳтар намудани мазмуну муҳтавои барномаҳоро баррасӣ карданд.

Иштирокчиён аз таъсиси «Телевизиони Тоҷикистон» ёдовар шуда, иброз намуданд, ки телевизион чун яке аз дастовардҳои муҳими миллӣ дар рушди воситаҳои ахбори омма ва таҳкими ҳувияти миллӣ нақши арзанда дорад. Тасиси телевизион на танҳо марҳилаи наве дар ҳаёти фарҳангӣ ва иттилоотии мамлакат буд, балки дар тарғиби арзишҳои миллӣ, забони давлатӣ ва ягонагии миллӣ низ саҳми бузург гузоштааст.

Ёдовар мешавем, ки 66 сол муқаддам, 3 октябри соли 1959, соати 18:00 диктори телевизиони тоҷик Рафоат Абдусаломова бо сухани «Ассалому алайкум, бинандагони азиз! Студияи телевизионии Сталинобод намоиши аввалини худро оғоз мекунад» дар экрани телевизионҳо пайдо шуд ва ин оғози фараҳбахше дар таърихи телевизиони Тоҷикистон буд.

АКС: Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон»

error: