Душанбе, 08 август, АИ «Караван инфо». Дар пойтахти Точикистон 7 август чаласаи сеюми комиссияи Доимии хамкори байни Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ва Сенати Парлумони Чумхурии Казокистон баргузор гардид. Мулокот тахти раёсати муовини Раиси Мачлиси милли Рачаб Ахмадзод ва муовини раиси Сенати Казокистон Жакип Асанов баргузор шуд.

Чонибхо самтхои афзалиятноки тахкими хамкорихои ду кишварро барраси намуданд. Ба рушди робитахои тичоратию иктисоди, васеъ намудани инфрасохтори наклиёти ва логистики, инчунин ракамисози ва технологияхои иттилооти-коммуникатсиони диккати махсус дода шуд.
Унсури мухими рузнома мухокимаи хамкори дар сохаи маориф, илм, фарханг ва сайёхи буд. Иштирокчиён кайд намуданд, ки робитахои гуманитари ба тахкими хамдигарфахми байни халкхо мусоидат мекунанд ва заминаи устувори муносибатхои дучониба мебошанд.
Дар натичаи чаласа харитаи роххои хамкории байнипарлумони байни Мачлиси милли ва Сенати Казокистон барои солхои 2025-2027 тасдик намуда шуд, ки дар он механизмхои мушаххаси татбики ташаббусхо ва накшахои пешбинишуда муайян намуда шудаанд.
АКСХО: Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон
