Дар Душанбе дурнамои минбаъдаи муносибатхои бисёрчонибаи Точикистону ИМА барраси шуд
Вазири корхои хоричии Чумхурии Точикистон Сирочиддин Мухриддин бо сенатори ИМА, узви кумитаи Сенатии ИМА оид ба энергетика ва захирахои табии Стив Дейнс мулокот намуд.
Зимни мулокот чонибхо зарурати истифодаи имкониятхои мавчуда ва имкониятхои навро барои рушди минбаъдаи муносибатхои бисёрчонибаи Точикистону ИМА дар рухияи шарикии дарозмуддат ва дусти барраси намуданд.

Аз чумла, масъалахои тахкими муколамаи сиёси, таъмини амният ва суботи минтакави, рушди хамкории ду кишвар дар сохахои иктисодиву тичорати, сармоягузори, энергетика, захирахои об ва хифзи пиряххо, сайёхи ва дигар сохахо барраси гардиданд.
Аксхо: аз манбаъхои кушода