22 октябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Иқтидори дипломатияи мардумӣ: форматҳои нави ҳамкорӣ ва таҷрибаҳои беҳтарин» Форуми байналмилалии дипломатияи мардумӣ баргузор шуд. Ин хабарро Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расондааст.

Форум дар доираи омодагӣ ба Саммити байналмилалии ҷамъиятӣ, ки соли 2025 баргузор мегардад, доир гардид.
Иштирокчиёни форум масъалаи истифодаи воситаҳои дипломатияи мардумӣ тавассути созмонҳои ҷамъиятӣ ва рушди равандҳои ҳамгироии минтақавиро баррасӣ карданд. Ҳамчунин, таҷрибаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, илм, маориф ва инсондӯстӣ барои тарғиби қолабҳои беҳтарин ва ғояҳои инноватсионӣ мубодила карда шуданд.
Иброз гардид, ки дар шароити муосир аҳамияти дипломатияи мардумӣ афзуда, он дар муттаҳидсозии неруҳои ҷамъиятии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тақвияти эътимоду ҳамдигарфаҳмӣ байни давлатҳо ва халқҳо нақши фаъолтар мебозад. Аз ин рӯ, зарурати ҷустуҷӯи муштарак, татбиқи он ва тарғиби форматҳои нави ҳамкорӣ байни созмонҳои ҷамъиятии давлатҳои гуногун, ташаккул ва тасдиқи протоколҳои нави ҳамкорӣ ба миён омадааст.
Форум дар доираи барномаи Рӯзҳои Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, то 26 октябр идома меёбад.
ФОТО: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон