Душанбе, 05 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 4 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун ба кори худ оғоз бахшид. Ин чорабинӣ бо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии шарикони байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар форум намояндагони мақомоти давлатӣ, вазоратҳои адлияи давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзиданд. Ҳадафи онҳо — муҳокимаи мушкилоту монеаҳои мавҷуда дар роҳи таҳкими волоияти қонун ва ҷустуҷӯи роҳҳои амалии бартарафсозии онҳо тавассути табодули таҷриба ва ҳамкории муштарак мебошад.
Форум ба як минбари муфиди муколама байни давлат, ҷомеа ва ниҳодҳои байналмилалӣ табдил ёфта, барои рушди қонунгузорӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ мусоидат менамояд.
Дар ҷараёни форум масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
- таъмини дастрасии шаҳрвандон ба адолати судӣ ҳамчун кафолати конститутсионии ҳифзи ҳуқуқи инсон;
- такмили қонунгузории маданӣ ва соҳибкорӣ;
- такмил додани сиёсати ҳуқуқи ҷиноятӣ ва қонунгузории ҷиноятӣ.
Пас аз анҷоми форум, тавсияҳои коршиносон ҷамъбаст гардида, ба мақомоти дахлдор барои татбиқ ва баррасии минбаъда пешниҳод хоҳанд шуд.
Конститутсия — пояи давлатдории ҳуқуқбунёд
Тавре иштирокчиён зикр карданд, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо масъалаҳои муҳими давлатӣ ва сиёсиро танзим менамояд, балки заминаи ҳуқуқии рушди кишварро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ фароҳам меорад.
Он асоси таҳкими низоми ҳуқуқӣ, рушди қонунгузорӣ ва фаъолияти ҳуқуқэҷодиро бо дарназардошти рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат фароҳам месозад.
Форуми миллӣ оид ба волоияти қонун боз як қадами муҳими дигар дар роҳи таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ ва адолат дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
АКС: АИ «Корвон Иттилоот»
