Душанбе, 25 апрел, -АИ «Караван Инфо». Дар Душанбе бо ташаббуси Агентии амнияти химияви, биологи, радиатсиони ва хастаии Академияи илмхои Точикистон дар хамкори бо “иттиходи Байналмилалии собикадорони энергетикаи атоми ва саноат” конфронси байналмилали дар мавзуи “Дурнамои истифодаи технологияхои хастаи ва мушкилоти амнияти радиатсиони дар Кишвархои Осиёи Маркази” баргузор гардид.

Чорабини, ки дар Маркази Агентии амнияти химияви, биологи, радиатсиони ва хастаии Академияи илмхои Точикистон баргузор гардид, коршиносон ва намояндагони Кишвархои Осиёи Маркази, Русия, Мугулистон, Беларус ва дигар давлатхоро чамъ овард. Масъалахои экологияи технологияхои хастаи, баркарорсозии иншоотхои мероси хастаи, рушди энергетикаи атоми ва амнияти радиатсиони дар Осиёи Маркази ва дигар минтакахои чахон барраси шуданд.

Дар байни мавзуъхои мухокимашаванда “Дурнамои истифодаи технологияхои хастаи ва мушкилоти амнияти радиатсиони дар кишвархои Осиёи Маркази”, “Назорати амнияти радиатсиони” ва “Коркарди партовхои радиоактиви ва дурнамои фаъолияти реакторхои хурди атоми” буданд.

Конфронс на танхо платформаи мухокимаи чанбахои илми гардид, балки ба тахкими хамкории байналмилали дар сохаи бехатарии радиатсиони ва истифодаи бехатари энергетикаи атоми мусоидат намуд.
Дар доираи чорабини гузоришхои олимони пешрафта пешниход намуда шуданд, бахсхо гузаронида шуданд ва инчунин собикадорони энергетикаи атоми мукофотонида шуданд. Конфронс бо кабули катънома дар бораи рушди минбаъдаи хамкори ва чори намудани чорахои амнияти ва экологи дар сохаи хастаии Осиёи Маркази ба анчом расид.
Аксхо: Агентии амнияти кимиёви, биологи, радиатсиони ва хастаии Академияи илмхои Точикистон