Дар Душанбе Маркази забони кореягии Донишгоҳи миллии Чонбук ифтитоҳ ёфт – ИА Караван Инфо
Дар Душанбе Маркази забони кореягии Донишгоҳи миллии Чонбук ифтитоҳ ёфт

Душанбе, 07 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот».  Дар асоси Ёддошти тафоҳум байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи миллии Чонбуки Ҷумҳурии Корея дар шаҳри Душанбе Маркази забони кореягӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти донишгоҳ иттилоъ доданд.

Аз ҷониби Тоҷикистон Ёддошти тафоҳумро ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ профессор Ахлиддин Ибодуллозода, аз ҷониби Корея бошад, президенти Донишгоҳи миллии Чонбук О-Бонг Янг имзо карданд.

Дар ҷараёни имзои Ёддошт ҷонибҳо самтҳои асосии ҳамкориро баррасӣ намуданд, ки ба ташкили конфронсҳои байналмилалӣ, курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон, табодули донишҷӯёну устодон ва тақвияти робитаҳои илмӣ-академӣ байни ду донишгоҳ равона шудаанд.

Профессор Ахлиддин Ибодуллозода зимни суханронии худ ифтитоҳи Маркази забони кореягиро қадами муҳим дар самти густариши ҳамкории байналмилалӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ кард. Ӯ зикр намуд, ки ба шарофати ин марказ донишҷӯёни тоҷик имкониятҳои васеътар барои омӯзиши забони кореягӣ ва шиносоӣ бо фарҳанги Ҷумҳурии Корея пайдо хоҳанд кард.

Президенти Донишгоҳи миллии Чонбук О-Бонг Янг таъкид намуд, ки ҳамкории донишгоҳии Тоҷикистон ва Корея на танҳо ба такмили донишҳои забонӣ ва касбӣ, балки ба тақвияти дӯстию робитаҳои фарҳангии ду халқ мусоидат менамояд.

Ҳамзамон бо Маркази забони кореягӣ дар Душанбе Маркази байналмилалии ҳамкорӣ байни ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва Донишгоҳи миллии Чонбук низ ба фаъолият оғоз кард. Тибқи иттилои манбаъ, ифтитоҳи ин ду марказ заминаи устувор барои густариши ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ, табодули донишҷӯёну устодон ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ мегардад.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

error: