Дар Душанбе натичахои Конфронси 29-уми чонибхои конвенсияи Чахорчубаи СММ оид ба тагйирёбии иклим (COP-29), ки мохи ноябри соли 2024 дар Пойтахти Озарбойчон – шахри Боку баргузор гардид, чамъбаст намуда шуд.
Чорабини аз чониби Кумитаи хифзи мухити зисти назди Хукумати Чумхурии Точикистон дар хамкори бо бонки осиёии рушд ва фонди Кудакони СММ (UNICEF) дар Точикистон ташкил намуда шуд.

Дар он раиси Кумитаи Хифзи мухити зист Баходур Шерализода, директори минтакавии бонки осиёии рушд дар Точикистон Ко Сакамото ва муовини раиси намояндагии бунёди Кудакони СММ (UNICEF) дар Точикистон хонум Эри Двиведи суханрони намуданд.
Хадафхои асосии чорабини чалби чонибхои манфиатдори асоси — намояндагони вазорату идорахо, коршиносон, шарикони рушд ва бахши хусуси — барои мухокима ва тахлили натичахои COP-29, инчунин тахияи пешниходхо ва муайян намудани кадамхои минбаъда дар доираи рузномаи иклимии Точикистон дар арафаи COP-30, ки мохи ноябри соли 2025 дар Белен (Бразилия) баргузор мегардад, буд.
Дар чорабини намояндагони Кумитаи хифзи мухити зист ду гузориш пешниход намуданд, ки дар онхо натичахои COP-29, аз чумла мухокимаи гуфтушунидхо, фаъолияти павилёни Миллии Чумхурии Точикистон дар доираи COP-29, инчунин таъсири натичахои конфронс ба маблаггузории ташаббусхои иклим аз чониби шарикони рушд чамъбаст намуда шуданд.
Илова бар ин, дар чараёни чорабини масъалахои тайери ва иштироки Точикистон дар COP-30 дар сатхи зарури барраси гардид.
Иштирокчиёни конфронс ба мувофика расиданд, ки барои пешбурди хадафхои иклимии Точикистон ва сахм гузоштан ба амалхои глобалии тагйирёбии иклим бояд хамохангсози, банакшагирии стратеги ва чалби дастгирии байналмилали таквият дода шавад.
Аксхо: Кумитаи хифзи мухити зисти назди Хукумати Чумхурии Точикистон