Душанбе, 17 июн, – АИ «Караван инфо». Санаи 15 июн дар Академияи Миллии илмхои Точикистон маросими ифтитохи ичлосияи 46-уми бахории академияи хурди илмхои Точикистон баргузор гардид. Дар он беш аз 500 хонанда аз тамоми минтакахои кишвар иштирок намуданд.
Тавре, ки ташкилкунандагон кайд намуданд, максади сессия татбики сиёсати давлати дар сохаи илм аз синни хурдсоли ва рушди иктидори тадкикотии чавонон мебошад.

Президенти Академияи илмхо, академик Кобилчон Хушвахтзода таъкид дошт, ки ба шарофати дастгири ва ташаббусхои Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон илм ба сохаи афзалиятнок ва калидии рушд табдил ёфтааст.
Ба гуфтаи Пешвои миллат, “дар шароити рушди босуръати илму технология мо вазифадорем, ки тамоми имкониятхоро барои тарбияи фарзанд, фарохам овардани шароити мусоид барои рушди хамачонибаи онхо ва омодаги ба зиндагии мустакилона истифода барем”.
Вай афзуд:”Агар мо хохем, ки Ватани худро дар оянда рушд ва шукуфои бинем, мо набояд аз раванди тарбия ва таълими насли наврас дур бошем”.
Академияи хурди илмхои Точикистон махфилхои илми, иттиходияхои эчоди ва бахшхои махсуси донишчуёнро муттахид мекунад. Вай бо институтхои Академияи илмхо, донишгоххо ва маркази чумхуриявии тахсилоти иловаги хамкори мекунад.
Пас аз анчоми чорабини Иштирокчиёни фаъол бо дипломхо ва номахои сипоси Академияи илмхои Точикистон сарфароз гардонида шуданд.
АКСХО: Академияи миллии илмхои Точикистон