Душанбе, 02 июл, – АИ «Караван инфо». Дар доираи мулокоти муовини Раиси мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон Мавсума Муини бо Президенти парлумони сарзамини федералии Саксония-Анхалти Чумхурии Федеративии Олмон Гуннар Шелленбергер мавзуи фаъолгардонии фаъолияти гуруххои дустии байнипарлумони барраси намуда шуд.

Ба Иттилои мачлиси намояндагон, чонибхо ба рушди хамкорихои дучонибаи байнипарлумони бахои баланд дода, накши мухими онро дар тахкими муколамаи сиёси ва хамдигарфахми таъкид намуданд.
Мавсума Муини кайд намуд, ки Точикистон аз сатху мазмуни муносибатхои кунунии дучониба бо Олмон каноатманд буда, чунин мулокотхоро хамчун нишондихандаи эътимод ва шарикии устувор мехисобад.
Ба муколамаи сиёси дар сатхи оли, аз чумла, мулокотхои Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон бо Канслери Федерали ва Президенти Олмон, ки солхои 2023 ва 2024 дар Берлин ва Остона дар доираи саммитхои “Осиёи Маркази — Олмон” баргузор гардид, диккати махсус дода шуд. Чонибхо изхори бовари намуданд, ки созишномахои бадастомада ба рушди хамкорихои дучониба такони нав мебахшанд.
Дар байни сохахои афзалиятноки хамкори:
савдо ва саноат,
энергетика ва металлургия,
саноати сабук ва кимиё,
мошинсози ва истихрочи маъданхои фоиданок,
иктисодиёт ва фарханги раками.
Мавсума Муини таъкид намуд, ки сарзамини федералии Саксония-Анхалт метавонад дар сохаи рушди саноати ва табодули технологи шарики стратегии Точикистон бошад.
Чонибхо кайд намуданд, ки гуруххои дустии байнипарлумони дар рушди хамкорихои созандаи Точикистону Олмон накши муассир дошта, ба тахкими муносибатхои мутакобилан судманд дар сатхи конунгузори мусоидат мекунанд.
Мулокот дар рухияи муколамаи созанда ва эхтироми тарафайн сурат гирифта, як кадами дигар дар рохи тахкими робитахои сиёси, иктисоди ва фархангии Точикистону Олмон гардид.
АКСХО: Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон