Дар Фаронса ду олим барои хамла ба консулгарии Русия боздошт шуданд – ИА Караван Инфо
Дар Фаронса ду олим барои хамла ба консулгарии Русия боздошт шуданд

Ду мухаккик аз маркази миллии тадкикоти илмии Фаронса (CNRS) дар хамла ба консулгарии Русия дар Марсел ба гунохи худ икрор шуданд.

“Гунахкорони эхтимоли, ду пажухишгари CNRS, ки Киевро дастгири мекунанд ва чанд соат пас аз партофтани шишахои тарканда ба богхои консулгарии Русия боздошт шудаанд, гунахкор дониста шуданд” менависад нашрияи фаронсави.

Ходиса шоми 24 феврал рух дод. Ба гуфтаи полис, хамлагарон як дастгохи тарканда бо нитроген ва кислотаи алюминий сохтаанд. Онхо се бомбаи худсохтро ба суи консулгари партофтанд, аммо танхо дутои онхо кор карданд.

Гумонбарон, марди соли таваллудаш 1965 ва зани соли таваллудаш 1977 дар як гирдихамоии чонибдории Украина дар Марсел боздошт шуданд. Онхо ба хабс гирифта шуданд, парвандаи чинояти огоз карда шуд.

Намояндаи расмии ВКХ-и Русия Мария Захарова изхор дошт, ки ин ходиса хама нишонахои хамлаи террористиро дорад. Москва аз Париж тафтиши фаври ва таквияти амнияти намояндагихои хоричии русияро талаб намуд.

Пештар Хадамоти кашфи хоричии Русия хушдор дода буд, ки Киев метавонад ба муассисахои дипломатии Русия дар Аврупо хамла кунад, то музокироти эхтимолии халли низоъро саркуб кунад.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: