Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барандагони медалҳои олимпӣ пешвоз гирифта шуданд – ИА Караван Инфо
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барандагони медалҳои олимпӣ пешвоз гирифта шуданд

Мухлисон ва дӯстдорони варзиши тоҷик бо самимият ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар фурудгоҳи Байналмилалии Душанбе бо дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки аз Бозиҳои Олимпии Париж ба Ватан баргашта буд, вохӯрданд. Дар ин бора НИАТ Ховар хабар медиҳад.

Дар фурудгоҳи Байналмилалии Душанбе ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ва дигар шахсони масъул дар соҳаи варзиши кишвар варзишгарони муваффақро самимона пешвоз гирифтанд.

Дар фурудгоҳи Байналмилалии Душанбе, дар ҳузури беш аз 1 ҳазор мухлис, Ердамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва дигар шахсони масъул бори дигар варзишгаронро бо медалҳои ба даст овардашуда табрик гуфтанд.

Дар навбати худ варзишгарон ваъда доданд, ки барои баланд бардоштани обрӯи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳанд.

Вохӯрӣ дар фурудгоҳ бо иҷрои суруди давлатӣ ба анҷом расид.

АКС аз манбаъҳои боз

error: