Душанбе, 05 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Хонаи Русия дар шаҳри Душанбе Рӯзи касбшиносӣ барои хонандагони синфҳои болоии пойтахт баргузор гардид. Чорабинӣ ба мактаббачаҳо имкон дод, то қобилиятҳои худро муайян намуда, дурнамои касби ояндаро баррасӣ кунанд.

Рӯзи касбшиносӣ дар доираи лоиҳаи таълимии «Мактаби муҳандисии Русия» доир шуд. Дар ҷараёни он хонандагон бо самтҳои серталаб ва муосири муҳандисӣ — робототехника, электртехника, механика ва барномасозӣ — шинос шуданд.
Роҳбари Хонаи Русия дар Душанбе Андрей Патрушев дар суханронии худ зикр кард: «Мактаби муҳандисии Русия — лоиҳаи ҳамаҷонибаи таълимӣ аст, ки ба кӯдакон имкон медиҳад пешакӣ дар интихоби касби оянда қарор гиранд. Умедворем, ки дар Тоҷикистон тавассути ин лоиҳа таваҷҷуҳ ба ихтисосҳои муҳандисӣ, ки имрӯз дар бозори меҳнат талаботи зиёд доранд, афзоиш меёбад».
Дар доираи чорабинӣ хонандагон аз санҷишҳои вижаи касбшиносӣ гузаштанд, ки ҳадафаш ошкор намудани завқ ва майли онҳо ба илмҳои дақиқ буд. Модели ягонаи «Чипта ба оянда», ки аз ҷониби Фонди дастгирии илмҳои гуманитарии «Таърихи ман» таҳия гардида, бо пуштибонии Вазорати маорифи Федератсияи Русия дар мактабҳои русӣ мавриди озмоиш қарор гирифтааст, ба ҷавонон кумак мекунад истеъдодҳои худро боз кунанд ва интихоби дурусти касбро анҷом диҳанд.
Хонандагони иштирокчӣ изҳор доштанд, ки бо вуҷуди он ки бархе аз онҳо ҳанӯз касби ояндаашонро муайян накардаанд, натиҷаҳои санҷиш онҳоро ба ваҷд овард. Ташхис қувваҳои онҳоро нишон дода, рӯйхати касбҳои мувофиқро пешниҳод кард, ки дар онҳо имконияти муваффақият бештар аст.
АКС: Хонаи Русия дар Душанбе