Дар Институти астрономӣ олимони Тоҷикистон ва Русия машварате оид ба масъалаҳои Системаи Офтобӣ баргузор карданд – ИА Караван Инфо
Дар Институти астрономӣ олимони Тоҷикистон ва Русия машварате оид ба масъалаҳои Системаи Офтобӣ баргузор карданд

Душанбе, 23 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Ҳамкории илмӣ дар соҳаи астрономия ва астрофизика барои таҳкими донишҳои байналмилалӣ ва омӯзиши системаи офтобӣ тақвият дода шуд.

Дар Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимони Институти астрономияи Академияи илмҳои Русия машварати илмӣ оид ба системаи офтобӣ баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиш олимону муҳаққиқони дохил ва хориҷи кишвар гузоришҳо дар бораи самтҳои асосии илми муосири астрономия ва астрофизика пешниҳод намуданд. Ҳамчунин дурнамои лоиҳаҳои муҳимтарини кайҳонии Русия баррасӣ шуд. Нақши телескопҳои заминӣ дар дастгирии лоиҳаи кайҳонии «Спектр-УФ» ба таври муфассал таҳлил гардид.

Дар давраи машварат инчунин усулҳои муосири омӯзиши кометаҳо ва таъсири онҳо ба эволютсияи системаи офтобӣ муҳокима шуд. Маърузачиён натиҷаҳои таҳқиқоти чандинсола оид ба таъсири омилҳои иқлимӣ ба самаранокии мушоҳидаҳои астрономиро муаррифӣ намуданд.

Илова бар ин, натиҷаҳои ҳамкории байналмилалӣ дар омӯзиши ҷараёнҳои метеорӣ ва мубодилаи додаҳои мушоҳидавӣ баррасӣ гардида, маълумоти илмӣ оид ба динамикаи фаъолияти чангии комета ва механизмҳои эҳтимолии он пешниҳод шуданд.

Машварат минбари муҳими мубоҳисаи илмӣ гардида, дар таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи астрономия ва астрофизика саҳми назаррас гузошт. Иштироки васеи олимон, пешниҳоди натиҷаҳои нав ва идеяҳои муштараки ояндадор аҳамияти баланди чунин ҳамоишҳоро таъкид менамояд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

error: