МОСКВА, 09 октябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Ҳизби ҳокими Италия “Бародарони Италия” ба нақша гирифтааст, ки дар сатҳи қонунгузорӣ пӯшидани фаранҷа ва никобро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ кунад, менависад Politico.

Ба ақидаи ҳизб, қонун ба мубориза бо “сепаратизми исломӣ” равона шудааст, дар ҳоле, ки озодии дин дахлнопазир боқӣ мемонад, аммо бояд ошкоро ва бо эҳтиром ба Конститутсия амалӣ намуда шавад.
Манъкунӣ ба мағозаҳо, мактабҳо ва офисҳо таъсир мерасонад. Ба вайронкунандагон аз 300 то 3000 евро ҷарима таҳдид мекунад.
Илова бар ин, лоиҳаи қонун танзими маблағгузории масҷидҳоро дар бар мегирад. Аз ҷумла, ба нақша гирифта шудааст, ки воридоти маблағҳо ба созмонҳои исломӣ аз хориҷа маҳдуд намуда шавад.
“Ҳеҷ гуна маблағгузории хориҷӣ набояд соҳибихтиёрӣ ё тамаддуни моро халалдор кунад” гуфт ҳизб.
Ғайр аз ин, ҳуҷҷат чораҳои зидди издивоҷҳои маҷбуриро пешбинӣ мекунад, ки ҳизб онҳоро вайрон намудани ҳуқуқи инсон ва меъёрҳои конститутсионӣ мешуморад. Лоиҳаи қонун то ҳол дар марҳилаи муҳокима қарор дорад ва санаи ба парлумон ворид шудани он мушаххас намуда нашудааст.
Аксҳо: AP