Душанбе, 21 июли соли 2025. Дар яке аз гушахои зебои Точикистон, дар боги табиии “Ширкент” чорабинии мухими хифзи табиат баргузор гардид: ба экосистемаи обии хавзаи Дарёи Каротог 3700 мохихои хурди форели оби ширин бароварда шуд. Ин як кисми талошхо барои баркарор намудани гуногунии биологи ва захирахои мохии минтака гардид.

Аксия дар доираи форуми “Табодули тачриба дар сохаи маориф ва фарханги экологи”, ки санаи 16 июл бо иштироки Кумитаи хифзи мухити зисти назди Хукумати Чумхурии Точикистон баргузор гардид, ташкил намуда шуд. Ба чорабини намояндагони ташкилотхои чамъиятии экологи, муассисахои таълими ва инчунин сокинони махалли хамрох шуданд.
Макони ходиса маркази экологии Боги таърихи-табиии Ширкент, ки дар дехаи Лаби Чой чойгир аст, на танхо макони аксияи экологи, балки муколамаи зинда байни коршиносон, фаъолон ва чавонон гардид.
Дар чараёни вохури иштирокчиён ахамияти баланд бардоштани сатхи маърифати экологи, тарбияи муносибати эхтиёткорона ба табиат, инчунин рушди фарханги устувори экологиро дар байни ахоли барраси намуданд. Дар доираи форум инчунин аксия оид ба тоза намудани сохил аз партовхои маиши хамчун кадами амали барои хифзи тозагии мухити табии гузаронида шуд.
Ин сахм дар ташаккули стратегияи дарозмуддат оид ба хифзи захирахои об, рушди устувори экосистемахо ва тарбияи экологии наслхои нав мебошад.
Аксхо: Кумитаи хифзи мухити зисти назди Хукумати Чумхурии Точикистон