Дар КазНУ “Кодекси инсонияти Абай” ҳамчун моликияти зеҳнии донишгоҳ тасдиқ намуданд – ИА Караван Инфо
Дар КазНУ "Кодекси инсонияти Абай" ҳамчун моликияти зеҳнии донишгоҳ тасдиқ намуданд

Алмаато, 26 январи соли 2026 АИ «Караван Инфо». Шӯрои илмии КазНУ ба номи Ал-Фарабӣ ҷашни 180-солагии Абай Қунанбоевро ҷамъбаст намуд. Дар ҷараёни ҷаласа Пойгоҳи электронии “Антологияи абайшиносӣ” ва фанни таълимии “Таълимоти Абай” расман ҳамчун моликияти зеҳнии донишгоҳ тасдиқ намуда шуданд.

Ректори КазНУ Жансеит Туймебаев дар бораи ҷорӣ намудани фанни “Кодекси инсонияти Абай” ба раванди таълим хабар дод. Лоиҳа ба нақша гирифта шудааст, ки ба дигар донишгоҳҳо ва мактабҳои кишвар васеъ намуда шавад. Олимони Пажӯҳишгоҳи Илмии Абай аллакай 50 ҷилд силсилаи “Абаёшиносӣ. Асарҳои интихобшуда ” – ро нашр намудаанд ва пойгоҳи рақамии захираҳоро ташкил намуданд.

Муовини Вазири илм ва таҳсилоти олии ҶҚ Гулзат Кобенова таъкид намуд, ки фалсафаи Абай дар бораи “одами комил” бояд асоси тарбияи 727 ҳазор донишҷӯи Қазоқистон гардад. Дар навбати худ, намояндаи Маъмурияти Президенти ҶҚ Галимҷон Махан аҳамияти маъмулгардонии мероси мутафаккирро дар фазои рақамӣ, аз ҷумла пур кардани сегменти қазоқии Википедиа қайд намуд.

Тибқи натиҷаҳои шӯро, “Кодекси инсонияти Абай” ҳамчун воситаи инноватсионии татбиқи сиёсати дохилии кишвар эътироф намуда шуд.

Аксҳо: Вазорати илм ва ТО ҶҚ

error: