Алмаато, 28 ноябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Дар донишгоҳи миллии Қазоқистони ба номи Ал-Фарабӣ маркази Қазоқистону Амрико оид ба таҳқиқи ситоматритса кушода шуд. Олимон равандҳои ҳуҷайра ва рафтори ҳуҷайраҳои варамро барои рушди илми биотиббӣ меомӯзанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати илм ва таҳсилоти олии ҶҚ.

Дар ифтитоҳи марказ ректори КазНУ Жансеит Туймебаев ва профессори донишгоҳи Хюстон (ИМА) Таттим Шайкен баромад намуданд. Ректор қайд намуд, ки таъсиси марказ ба супориши президенти Қазоқистон дар бораи такмили илм ва ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ дар ҳама соҳаҳо мувофиқат мекунад.
Профессор Шайкен дар бораи хосиятҳои цитоматрица ва самтҳои тадқиқот презентатсияи илмӣ пешниҳод намуд. “Мо барои пешгирии рушди саратон дар сатҳи ҳуҷайра тавассути омӯзиши ситоплазма кор хоҳем намуд” гуфт ӯ.
Муовини раиси раесати институти илмӣ-тадқиқотии онкология ва радиологияи Қазоқистон Гулмир Журабекова изҳори боварӣ намуд, ки марказ иқтидори илмии соҳаи онкологии Қазоқистонро тақвият хоҳад дод. Донишҷӯёни КазНУ бо истифода аз таҷҳизоти марказ таҷрибаомӯзӣ хоҳанд намуд.
Созишнома дар бораи таъсиси марказ санаи 6 июли соли 2024 ба имзо расид. Дар оянда дар заминаи он сохтани кластери калони тадқиқотӣ ва инноватсионӣ ба нақша гирифта шудааст.
Аксҳо: Вазорати илм ва ТО ҶҚ
