Дар Казокистон барои рушди асппарвари институти нав таъсис дода шуд – ИА Караван Инфо
Дар Казокистон барои рушди асппарвари институти нав таъсис дода шуд

Бо ташаббуси Президент дар Казокистон институти нави илми-тадкикотии асппарвари ва истехсоли хурок таъсис дода шуд. Максади асосии ин институт рушди асппарварии ватани, бехтар намудани сифатхои чинсии аспхо ва пешбурди чинсхои Казокистони ба бозори чахони мебошад.

Институти нав бо гузаронидани тадкикоти илми, ки ба баланд бардоштани хосилнокии аспхо, таъсиси пойгохи иттилоотии маълумот дар бораи чинсхои гуногун, инчунин тайёр намудани мутахассисони сохибихтисос равона намуда шудааст, машгул хохад шуд. Таъсиси клиникаи махсуси байтори барои аспхо ва чори намудани технологияхои инноватсиони дар сохаи асппарвари ба накша гирифта шудааст.

Яке аз вазифахои мухими институт афзоиши саршумори аспхои насли дар панч соли оянда 67% мебошад. Ба чунин чинсхои ватани, ба монанди костанай, адай, мугалжар ва кушум диккати махсус дода мешавад. Барои ноил шудан ба ин хадафхо, институт накша дорад, ки бо марказхои илмии хоричи ва донишгоххо фаъолона хамкори кунад.

Аксхо: Вазорати Кишоварзии ЧК

error: