Дар мачлиси порлумони Чумхурии Казокистон мизи мудаввар оид ба баррасии бастаи нави ислохот ба лоихаи Кодекси андоз баргузор гардид.

Намояндагони вазорату созмонхои мухталиф ва коршиносон тагйироти пешниходшуда, аз чумла мукаррар намудани меъёри андоз аз арзиши иловашуда дар хачми 16%, озодкунии пурра аз андоз аз арзиши иловашуда барои бахши кишоварзи, поин бурдани хадди бакайдгирии андоз аз арзиши иловашуда ва бознигарии декларатсияи содданамудашуда ва низоми андози чаканаро барраси намуданд.
Муовини аввали Вазири иктисод Азамат Амрин кайд намуд, ки афзоиши пешбинишудаи даромадхои андоз хар сол 4-5 триллион тенгеро ташкил медихад ва таъсири эхтимолии таваррум кутохмуддат хохад буд. «Мо интизор дорем, ки бо назардошти чорахои дар лоихаи Кодекси андоз андешидашуда афзоиши даромадхои андоз хар сол 4-5 триллион тенгеро ташкил медихад. Бояд гуфт, ки таъсири эхтимолии таварруми аз афзоиши андозхо дар муддати кутохмуддат буда, дар давоми як сол тамом мешавад”, – гуфт у.
Хадафи ислохот халли мушкилоти иктисоди, кохиш додани касри бучет ва тахкими ахлоки андоз, инчунин кохиш додани вобастаги аз Фонди милли ва чалби захирахои иловаги ба рушди инфрасохтор ва дигар сохахои мухим мебошад.
Дар сурат: ВК ЧК