Санаи 11 сентябр дар вилояти Атирау сохтмони бузургтарин корхонаи Истехсоли полиэтилен дар Казокистон огоз ёфт. Корхонаи нав яке аз лоихахои калиди дар доираи рушди саноати нафту газ ва кимиёи кишвар хохад буд.
Дар маросими ифтитохи он намояндагони баландпояи хукумати Казокистон, ширкатхои «КазМунайГаз», «СИБУР» ва «Sinopec» иштирок намуданд. Лоиха бо дастгирии Президенти ЧК амали намуда мешавад ва ба ивазкунии воридот ва афзоиши содироти махсулоти дорои арзиши баланди иловашуда равона намуда шудааст.
Корхона доираи васеи полиэтиленро истехсол мекунад, ки кариб дар хама сохахои иктисодиёт истифода мешавад. Огози истехсолот дар соли 2029 ба накша гирифта шудааст. Интизор меравад, ки беш аз 8 хазор чойи нави кори таъсис дода шавад ва ба рушди иктисодиёти минтака ва умуман кишвар такони чидди бахшад.
Лоиха аз чониби ширкати «Silleno», ки бо талошхои муштараки «КазМунайГаз», «Сибур» ва «Sinopec» сохта шудааст, амали намуда мешавад. Маблаггузори аз хисоби маблагхои худи сахмдорон ва карзхои чалбшуда сурат мегирад. Сохтмони корхона ба Казокистон имкон медихад, ки яке аз истехсолкунандагони пешбари полиэтилен дар минтака гардад ва мавкеи худро дар бозори чахони мустахкам кунад.
Аксхо: Хокимияти Вилояти Атирау