Бишкек, 25 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Дар Бишкек филиали Донишгохи миллии Авруосиё (ДМА) ба номи Л. Н.Гумилёв кушода шуд. Вай дар Донишгохи Давлатии Ош кор хохад кард. Маросим дар доираи сафари расмии Президенти ЧК Касим-Чомарт Токаев ба Киргизистон баргузор шуд.

Дар ифтитохи он вазири илм ва тахсилоти олии Казокистон Саясат Нурбек, вазири илм, тахсилоти оли ва инноватсияи Киргизистон Бактиёр Орозов, инчунин ректорхои харду донишгох иштирок намуданд.
Президент Токаев кайд намуд, ки ифтитохи филиал натичаи созишномахоест, ки соли гузашта ба даст омадаанд. Казокистон барои донишчуёни киргиз 50 грант чудо намуд ва аз соли оянда шумораи онхо ба 60 нафар мерасад.
Филиал мутахассисонро дар сохаи экология, технологияхои иттилооти ва коммуникатсиони ва инчунин дар сохаи хизматрасони тайёр мекунад. Донишчуён метавонанд бо омузиши забони руси ва адабиёт, тарчума, забонхои хоричи, журналистика ва физика дипломи ду донишгохро ба даст оранд.
Ба гуфтаи вазири Саясат Нурбек, ин як кадами мухимест, ки хамкории кишвархоро дар сохаи маориф ба сатхи нав мебарад ва сармояи инсонии минтакаро таквият мебахшад.
Аксхо: аз манбаъхои кушода