Дар арафаи рузи чахонии пешгирии худкуши, 10 сентябр, дар колонияи №33-и караганда барои махкумшудагон омузиши махсус баргузор шуд. Дар ин бора маркази ВАО-и макомоти корхои дохилии Чумхурии Казокистон хабар дод
Психологхо бо махкумшудагон як катор машкхо ва мухокимахо гузарониданд, ки ба ташаккули тафаккури мусбат ва фарохам овардани фазои мусоиди психологи равона намуда шудаанд. Ба иштирокчиёни тренинг кумак намуданд, ки дарк кунанд, ки хар як шахс, сарфи назар аз хатогихои содирнамудааш, сазовори имконияти дуюм аст.
Дар натичаи тренинг, бисёре аз махкумшудагон кайд намуданд, ки ин чорабини ба онхо кумак намуд, ки ба хаёти худ назари нав пайдо кунанд ва дар бораи тагироти мусбат карор кабул кунанд. Онхо инчунин эхсосот ва хохишхои худро дар “Сабади орзухои нек” – и махсус мубодила намуданд.
Ташкилкунандагони тренинг таъкид мекунанд, ки огохи аз арзиши зиндаги, кобилияти мубориза бо мушкилот ва дастгирии атрофиён омилхои калиди мебошанд, ки ба одамон дар бартараф намудани холатхои бухрони ва огози хаёти нав кумак мерасонанд.
Аксхо: polisia.kz