Котиби матбуоти президенти Русия Дмитрий Песков изхороти рузноманигори амрикои Такер Карлсонро дар бораи он, ки хадамоти махсуси ИМА метавонанд ба президент Владимир Путин суикасд кунанд, шарх дод. Песков таъкид намуд, ки хадамоти махсуси русия барои таъмини амнияти шахрвандон, инчунин онхое, ки тахти химояи давлати карор доранд, аз чумла сарвари давлат тамоми чорахои заруриро меандешанд.

“Дар навбати аввал — рохбарони давлат”, — гуфт котиби матбуоти. Пештар дар мусохиба Карлсон изхор дошт, ки маъмурияти президенти собики ИМА Чо Байден метавонад бо ишора ба исрори котиби собики давлати Энтони Блинкен ба кушиши суикасд ба Путин чалб намуда шавад. Аммо рузноманигор ба даъвохои худ далел пешниход нанамуд. Дар посух ба ин изхорот, вакили Думаи Давлати Алексей Чепа изхор дошт, ки хадамоти махсуси амрикои метавонанд чунин накшахоро тахия кунанд.
Аксхо: kremlin.ru