Мулокоти шахсии президенти Русия Владимир Путин ва Президенти ИМА Доналд Трамп бояд бодиккат омода намуда шавад, гуфт сухангуи рахбари Русия Дмитрий Песков.

“Фахмиш вучуд дорад, ки он бояд сурат гирад ва фахмиш вучуд дорад, ки он бояд хуб омода намуда шавад. Ин фахмиши ду президент аст ” гуфт Песков ба хабарнигорон.
Ба гуфтаи у, холо дар музокироти сатхи баланд дар Эр-Риёд созишномахои мархилави амали намуда мешаванд. Омодасозии тамосхо дар сатхи коршиносон байни вазоратхои корхои хоричи идома дорад, ки пас бояд ба мулокоти рохбарон оварда расонанд.
Музокироти русия ва амрико дар пойтахти Арабистони Сауди 18 феврал баргузор шуд. Хайати Русияро Сардори ВКХ Сергей Лавров, ёвари президент Юрий Ушаков ва сардори фонди сармоягузории мустакими Русия (РФПИ) Кирилл Дмитриев намояндаги намуданд. Аз чониби ИМА мушовири президент оид ба амнияти милли Майк Уолтс, котиби давлати Марко Рубио ва фиристодаи махсус дар Шарки Наздик Стивен Уиткофф иштирок намуданд.
Лавров кайд намуд, ки чонибхо дар бораи бекор намудани махдудиятхо дар кори муассисахои дипломати ва таъсиси гуруххои кории сатхи баланд, ки ба чустучуи роххои халли бухрон дар Украина машгул хоханд шуд, мувофика намуданд.
Аксхо: аз манбаъхои кушода