Душанбе, 17 июн, – АИ «Караван инфо». Дар шахри Кулоб дар варзишгох машкхои васеъмикёс оид ба омодаги ба мудофиаи худуди баргузор шуданд.
Чорабини барои ичрои дастуру супоришхои Сарфармондехи Олии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, Генерали Артиш Эмомали Рахмон ташкил намуда шуд. Диккати асоси ба тахкими омодагии чанги, захираи сафарбаркуни ва хамохангсозии сохторхои кудратии шахр дар сурати тахдидхои эхтимоли равона намуда шуд.

Тибки маълумоти Макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахри Кулоб, машкхо доираи васеи вазифахоро дар бар мегирифтанд: хифзи сархади давлати, ташкили отрядхои худмудофиа, химояи иншоотхои стратеги, корнамуди омодагии оперативи-техники ва чисмони.
Максади асосии ин чорабинихо баланд бардоштани касбияти хайати шахси, санчиши кобилияти амалхои мувофик дар шароити холатхои фавкулодда, инчунин такмили малакахои мудофиаи худуди ва омодагии сафарбаркуни мебошад.
Таъкид гардид, ки ба туфайли дастгириву ташаббусхои доимии Президенти Чумхурии Точикистон Куввахои Мусаллахи мамлакат дар солхои сохибистиклоли ба кувваи тавоное табдил ёфта, тавонистаанд манфиатхои давлатиро боэътимод химоя намоянд. Тачхизоти муосир, такмили омодагии таълими-сиёси ва машкхои мунтазами харби ба афсарону сарбозон имкон медиханд, ки вазифахои гузошташударо бомуваффакият ичро кунанд ва хамчун калъаи боэътимод барои Ватан баромад кунанд.
Аксхо: аз манбаъхои кушода