Дар лагери “Шарора” аввалин иваз намудани истирохати мактаббачагони нохияи Исмоили Сомони огоз ёфт – ИА Караван Инфо
Дар лагери "Шарора" аввалин иваз намудани истирохати мактаббачагони нохияи Исмоили Сомони огоз ёфт

Душанбе, 14 июн, АИ «Караван Инфо». Дар лагери берун аз шахрии “Шарора”, ки дар нохияи Исмоили Сомонии шахри Душанбе чойгир аст, аввалин ивазшавии истирохати тобистонаи мактаббачагон огоз ёфт.

Дар басти аввал 180 хонанда иштирок мекунанд. Илова бар ин, дар хар баст 20 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1-и шахри Душанбе барои истирохат ва солимгардони роххат мегиранд.

Бояд кайд намуд, ки дар лагер хайати омузгорон ба пурра таъмин намуда шудааст ва чорабинихои таълими-тарбияви ва машгулиятхои субхии варзиши тибки накшаи тасдикшуда ва дар сатхи баланди ташкилию тарбияви гузаронида мешаванд.

Инчунин, холати санитари-эпидемиологи, сифати гизо ва риояи хама талаботхои зарури пайваста тахти назорати макомоти назоратии дахлдор карор доранд, то ба кудакон шароити барохат ва бехатари истирохатро фарохам оранд.

АКСХО: Макомоти Ичроияи хокимияти давлатии нохияи Исмоили Сомони

error: