Полиси Фаронса ду нафарро, ки дар хамла ба консулгарии Генералии Русия дар Марсел гумонбар дониста мешуданд, боздошт намуд, хабар дод консули Генералии Русия дар Марсел Станислав Оранский.

“Шаби гузашта ман аз префектураи полис хабар гирифтам, ки харду гумонбар боздошт шудаанд. Онхо хангоми баргузории як гирдихамоии тарафдори украина дар маркази шахр боздошт шуданд, зеро полис интизори омадани онхо дар он чо буд ва дар хакикат онхо дар он чо хозир шуданд ва боздошт шуданд,” — гуфт у.
Ба гуфтаи у, то хол шахрвандии боздоштшудагон номаълум боки мондааст. “Мо холо кушиш намуда истодаем, ки инро фахмем,” – афзуд дипломат.
Каблан дар Консулгарии Генералии Русия дар Марсел хамла эълон шуда буд, ки дар натичаи он ба бино зарар расонида шуд. Макомоти хифзи хукуки Фаронса тафтиши ходисаро огоз намуданд.
Аксхо: аз манбаъхои кушода