Дар марзи Ӯзбекистон шаҳрванди Тоҷикистон бо 400 сангпушти нодир дастгир шуд – ИА Караван Инфо
Дар марзи Ӯзбекистон шаҳрванди Тоҷикистон бо 400 сангпушти нодир дастгир шуд

Дар посгоҳи Сарҳадии “Фарход” дар Бекобод шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистон боздошт шуд, ки кӯшиш мекард 400 сангпушти даштӣ, ки ба китоби Сурх дохил карда шуда буданд, ба Узбекистон барад. Дар ин бора мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон хабар доданд.

Тибқи иттилои идора, ҳуҷҷатҳо барои ба ҷавобгарӣ кашидани вайронкунанда аллакай ба суд фиристода шудаанд.

Сангпуштҳо барои боздошти муваққатӣ ба парваришгоҳи “Табиат Бағрида”-и ноҳияи Зангиота интиқол дода шуда, пас аз он ба макони табиии худ раҳо хоҳанд шуд.

Акс: Kun.uz

error: