МОСКВА, 5 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Мосгосстройнадзор ба гурӯҳи MR иҷозат дод, ки дар наздикии истгоҳи Белорус бинои нави осмонбӯсе бунёд кунанд.

Тавре, ки директори амволи ғайриманқули тиҷоратии ширкат Кермен Мастиев хабар дод, манорае бо номи Bell дар шакли ҷоми шишагӣ сохта мешавад ва яке аз иншооти назаррас дар маркази тиҷоратии пойтахт хоҳад буд.
Лоиҳа сохтмони манораи 48-ошёнаро бо баландии зиёда аз 220 метр пешбинӣ мекунад. Майдони умумии он зиёда аз 88 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад, ки тақрибан 60 ҳазор метри онро биноҳои офисии синфи Prime ишғол мекунанд.
Барои роҳати кормандон ва меҳмонон дар бино 12 лифти дуқабатаи баландсуръат насб намуда мешавад.
Сохтмони иншоот то охири соли 2028 ба нақша гирифта шудааст. Бинои осмонбӯс дар қитъаи 5,7 гектар ҷойгир намуда мешавад ва қисми навсозии бузурги инфрасохтори тиҷоратӣ дар минтақаи вокзал хоҳад буд.
Ширкат яке аз бузургтарин сохтмончиёни манзил ва амволи ғайриманқул дар Маскав ҳисобида мешавад.
Аксҳо: MR