Дар Минск конфронси амнияти авруосиё ба анҷом расид: кишварҳо таҳдидҳои нав ва чораҳои муштараки муҳофизатиро муҳокима мекунанд – ИА Караван Инфо
Дар Минск конфронси амнияти авруосиё ба анҷом расид: кишварҳо таҳдидҳои нав ва чораҳои муштараки муҳофизатиро муҳокима мекунанд

МОСКВА, 28 октябри соли 2025 – АИ «Караван инфо».  Дар Пойтахти Беларус сессияи умумии III-юми конфронси Байналмилалии Минск оид ба амнияти авруосиё, яке аз форумҳои калидии байналмилалии сол, ки ба масъалаҳои сулҳ ва субот дар фазои авруосиё бахшида шудааст, кори худро ба анҷом расонид.

Дар чорабинӣ ҳайатҳои 40 давлати Аврупо, Осиё, Шарқи Наздик ва Африқо, инчунин намояндагони ҳафт ташкилоти пешрафтаи байналмилалӣ, аз ҷумла СААД, БРИКС, СҲШ ва ИДМ иштирок намуданд.

Иштирокчиён ба масъалаҳои таҳкими амнияти минтақавӣ ва муқовимат ба таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва қочоқи маводи мухаддир диққати махсус доданд.

Дабири кулли СААД Имангали Тасмагамбетов изҳор дошт, ки “даъватҳо ва таҳдидҳои муосир ба марзҳои минтақаи масъулияти Созмон наздик шудаанд” ва таъкид намуд, ки СААД механизмҳои вокуниши зиддибӯҳрониро фаъолона такмил медиҳад.

Аз ҷумла, дар посух ба ноустувории Афғонистон татбиқи барномаи мақсадноки байнидавлатӣ оид ба таҳкими сарҳади тоҷикистону афғонистон оғоз гардид.

Тасмагамбетов инчунин қайд намуд, ки “таҳкими ҳамкорӣ бо шарикони СММ, БРИКС, ИДМ ва СҲШ шарти калидии нигоҳ доштани субот дар Авруосиёи Бузург аст”.

Дар натиҷаи конфронс ҷонибҳо омодагии худро барои рушди муколама ва густариши ҳамкорӣ ба манфиати амнияти дастаҷамъии минтақа тасдиқ намуданд.

Аксҳо: Шарикони – АИ “Караван инфо”

error: