
Дар шохоби рости канали Баҳористон, ки аз канори заминҳои иловагии деҳаи Фурқати ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон мегузарад ва заминҳои кишти ноҳияи Хуросонро обёрӣ мекунад, садама рух дод.
Тавре хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ хабар дод, дар натиҷаи хароб шудани қубур ва ба миқдори аз меъёр зиёд ҷорӣ шудани об ҳодисаи фурӯравии заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагӣ ба қайд гирифта шуд.
Дар натиҷа 4 қитъаи ёрирасон пурра хароб гардид, 1 мошини сабукрав зарар дид, як қитъаи роҳи 50-метра фуру рафт ва 8 хонаи истиқоматии дигар зери таҳдиди фурурезист.
Бо мақсади пешгири кардани ҳодисахои нохуш, талафи одамон ва молу мулк 8 хоҷагӣ аз минтақаи эҳтимолии хатар кӯчонида шуданд. Навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шудааст. Ҳаҷми зарари расида ҳисоб карда мешавад. Дар айни замон таъмини об ба ин каналро Раёсати мелиоратсия ва обёрии Агентии вилоят комилан қатъ кардааст.
1 сентябри соли 2024 раиси ноҳия Абдураҳмон Ҷомӣ ҳамроҳ бо аъзои Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия, намояндагони КҲФ, Раёсати мелиоратсия ва обёрии Агентӣ ва Сарраёсати геология аз миннтақаи зарардида дидан намуданд.
Барои 8 хонавода хайма ҷудо карда шуда, ҳамаи бошандагонаш ба минтақаи амн интиқол дода шуданд.
Масъалаи кӯмакҳои башарӣ ба зарардидагон ҳаллу фасл мешавад.
Талафоти ҷонӣ миёни одамон ва ҳайвоноти хонагӣ нест.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ