Дар нохияи Ашт хотираи Кахрамони Иттиходи Шурави Туйчи Эрчигитовро гироми доштанд – ИА Караван Инфо
Дар нохияи Ашт хотираи Кахрамони Иттиходи Шурави Туйчи Эрчигитовро гироми доштанд

Санаи 27 январ, дар Рузи пурра озод намудани Ленинград аз мухосираи фашисти, дар дехаи Мехрободи нохияи Ашти вилояти Сугд дар назди мучассамаи Кахрамони Иттиходи Шурави Туйчи Эрчигитов митинги тантанави-мотами баргузор шуд.

Дар чорабини намояндагони консулгарии Генералии Русия дар Хучанд, хонаи Рус, чамъияти дустии Русия ва Точикистон, инчунин хамватанон ва чанговарони интернатсионалист иштирок намуданд.

Туйчи Эрчигитов 10 ноябри соли 1921 дар нохияи Ашт таваллуд шудааст. Дар давоми чанги Бузурги Ватани дар полки 1064-уми дивизияи 281-уми артиши 54-уми фронти Волхов хидмат намудааст. Дар чараёни озод намудани истгохи рохи охани Лусон, у кахрамонии Александр Матросовро такрор намуд ва бо бадани худ амбразураи чохи душманро пушонид, ки ба рота имкон дод, ки хамларо идома дихад.

Эрчигитов дар кабри бародарон дар шахри Любан, вилояти Ленинград дафн шудааст. Соли 1944 ба у пас аз марг унвони Кахрамони Иттиходи Шурави дода шуд.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: