Рузи якшанбеи 23 феврал дар Олмон интихоботи гайринавбатии парлумони баргузор мешавад, ки пас аз он вакилони Бундестаг канслери нави кишварро интихоб мекунанд. Тибки назарсанчихо, имконияти бештари ишголи ин вазифа аз чониби рохбари блоки мухолифи ХДХ / ХСС Фридрих Мертс вучуд дорад.

Барои курсии сарвари хукумат чор номзад мубориза мебаранд: канслери амалкунанда Олаф Шолтс, рахбари мухолифин Фридрих Мертс, ноиби канслер Роберт Хабек ва намояндаи хизби ултрахукуки “Алтернатива барои Олмон” Алис Вайдел.
Мертс 69-сола пас аз рафтани Ангела Меркел дар соли 2021 ба ХДХ рохбари намуд ва хизбро ба самти консервативи равона намуд. Вай чонибдори сахттар намудани сиёсати мухочират ва таквияти ислохоти иктисоди мебошад. Дар сурати пирузи, блоки ХДХ / ХСС умедвор аст, ки эътилофи хокимро ташкил кунад.
Олаф Шолтси 66-сола, канслери кунунии Олмон, соли 2021 ба кудрат расид. Хукмронии у ба давраи мураккаб – низоъ дар Украина, бухрони энергетики, таваррум ва таназзули иктисоди рост омад. Вай ташаббуси навсозии куввахои мусаллахи Олмонро ба миён овард ва кишварро дуввумин таъминкунандаи бузурги силох ба Киев гардонид. Аммо эътилофи сехизбии у мохи ноябри соли гузашта пароканда шуд, ки сабаби интихоботи пеш аз мухлат шуд.
Хабеки 55-сола, ноиби канслер ва вазири иктисод, бори аввал ба макоми канслер номзад мешавад. Вай бо хохиши худ барои ивази бахши истикоматии олмон ба технологияхои тоза, ки вокуниши гуногуни чомеаро ба бор овард, дар хотир мондааст.
Вайдели 46-сола аввалин номзад ба макоми канслер аз “Алтернатива барои Олмон”шуд. Аммо аксари нерухои сиёсии пешрафта аз хамкори бо хизби у даст кашиданд, ки ин имконияти пирузии уро кам мекунад.
Интихоботи Бундестаг як лахзаи мухим дар хаёти сиёсии Олмон хохад буд. Агар пурсишхо тасдик шаванд, кишвар метавонад ба курси консервативии ХДХ/ХСС дар замони Ангел Меркел баргардад.
Аксхо: аз манбаъхои кушода