Даххо хазор нафар ба кучахои шахрхои олмон баромаданд, то ба хамкории Иттиходи Демократии Масехи (ИДМ) бо хизби ултрахукуки “Алтернатива барои Олмон” (АдГ) ва сахттар намудани сиёсати мухочират эътироз кунанд.

Аксияхои эътирози дар Аахен, Аугсбург, Брауншвейг, Бремен, Кёлн, Эссен, Франкфурт, Гамбург, Лейпсиг ва дигар шахрхо баргузор шуданд. Рузи якшанбе гирдихамоихои нав ба накша гирифта шудаанд, ки бузургтарин дар Берлин баргузор мешавад.
Хадафи асосии эътирозхо Рахбари ИДМ Фридрих Мерс буд. Рузи чоршанбе катъномаи у дар бораи сахттар намудани сиёсати мухочират аз чониби Бундестаг, аз чумла бо овозхои вакилони АдГ тасдик намуда шуд. Хуччат чори намудани назорати сархади, имконияти рад намудани панохчуён дар сархад ва васеъ намудани ваколатхои полисро пешбини менамуд. Аммо рузи чумъа худи лоихаи конун дар бораи махдудиятхои нави мухочират аз чониби парлумон рад намуда шуд.
Эътирозгарон Фридрих Мерсро дар вайрон намудани ваъдаи хамкори бо АдГ, ки соли 2024 аз чониби идораи Федеролии Хифзи конститутсияи Олмон макоми гумонбари экстремизмро гирифт, айбдор мекунанд.
“Дил ба чои Мерс” шиорхои тазохургарон, ки аз сиёсатмадорон риояи принсипхои демократи талаб менамуданд, садо медоданд.
Дар афни хол, тибки назарсанчихо, АдГ дуввумин хизби маъмултарин пеш аз интихоботи пеш аз мухлати 23 феврал боки мемонад, ки танхо аз блоки мухолифи ИДМ/ХСС дуюм аст. Ноустувории сиёси дар Олмон пас аз пошхурии эътилофи сехизбии канслер Олаф Шолтс дар охири соли гузашта идома дорад.
Аксхо: аз манбаъхои кушода