Остона, 04 декабри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Дар пойтахт маросими ифтитоҳи чемпионати даҳуми ҷумҳуриявии маҳорати касбии WorldSkills Kazakhstan–2025 баргузор шуд. Аз 3-юм то 9-уми декабр 825 иштирокчӣ ва 719 коршинос аз минтақаҳои кишвар маҳорати худро нишон медиҳанд, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти Вазорати Маорифи ҶҚ.

Имсол миқёси чемпионат васеъ шуд: шумораи салоҳиятҳо аз 30 то 45 зиёд намуда шуд. Ба рӯйхат самтҳои асосии иқтисодиёт дохил намуда шудаанд: истеҳсолот, муҳандисӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва соҳаҳои эҷодӣ. Ғолибон ба чемпионати байналмилалии WorldSkills, ки соли 2026 дар Чин баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.
Муовини Вазири маорифи ҶҚ Шинар Акпарова қайд намуд, ки бо супориши сарвари давлат дар кишвар корҳои васеъмиқёс оид ба баланд бардоштани мақоми инсон дар меҳнат ва тағйир додани соҳаи таҳсилоти техникӣ ва касбӣ идома доранд. “WorldSkills – озмоиши ҷиддии дониш, малака ва истодагарӣ аст. Ин катализатори ислоҳотест, ки системаи таҳсилоти касбии қазоқистонро ба стандартҳои ҷаҳонӣ наздик намудааст” гуфт ӯ.
Аксҳо: Вазорати Маорифи ҶҚ
