Дар Париж рузи душанбе мурофиаи додгохи бар зидди панч марде, ки дар рабудан ва шиканчаи чахор рузноманигори фаронсави дар Сурия дар соли 2013 айбдор мешаванд, огоз шуд.

Журналистон Николя Энин, Диде Франсуа, Эдуард Элиас ва Пер Торрес аз чониби чангиёни “Давлати Исломи” рабуда шуда, зиёда аз 10 мохро дар асири гузарониданд. Ба гуфтаи онхо, яке аз зиндонбонхо – чиходи 39-солаи фаронсави Мехди Неммуш – берахмии хоса зохир менамуд.
Диде Франсуа гуфт:” у моро бо калтак ба сарамон зад, аз зарбахои барки истифода бурд, моро ба катлхои хандаовар дучор намуд”.
Неммуш, ки аллакай барои хамлаи террористи дар осорхонаи Яхудиёни Брюссел дар соли 2014 хабси абад дорад, дар додгох хамаи иттихомотро рад намуд:
“Ман хеч гох зиндони гаравгонхои гарби набудам ва бо ин одамон дар Сурия мулокот нанамудаам” гуфт у.
Аммо рузноманигорон уро бо бовари шинохтанд ва таъкид намуданд, ки у ягона шахсест, ки чехраашро пинхон нанамудааст.
Интизор меравад, ки ин раванд тафсилоти нигохдории гаравгонхо ва усулхои шиканчаи чангиени ДИИШ дар Сурияро ошкор кунад.
Аксхо: аз манбаъхои кушода