ОСТОНА, 2 июн АИ Караван Инфо. Соли 2025 дар Пойтахти Чин дар шахри Пекин маркази Фархангии Казокистон ба кор шуруъ мекунад. Дар ин бора муовини вазири фарханг ва иттилоот Евгений Кочетов дар симпозиуми бахшида ба идоракунии давлати ва табодули башардустона байни Чин ва Кишвархои Осиё Маркази хабар дод.

Ба гуфтаи у, лоиха дар доираи созишномахое, ки дар сатхи сарони давлатхо ба даст оварда шудаанд, амали карда мешавад. Марказ барои пешбурди фарханги Казокистон, тахкими робитахои гуманитари ва рушди дипломатияи халки майдони мухим хохад буд.
– Чин шарики стратегии мост, ки моро дустии чандинасра ва арзишхои муштарак мепайвандад. Имсол дар Пекин маркази фархангии Казокистон ба кор шуруъ мекунад, кайд кард Кочетов.
Казокистон хамчунин изхори омодаги кард, ки ба ифтитохи маркази фархангии чин дар Остона мусоидат кунад.
Гайр аз ин, муовини вазир хамкории фаъолона бо ВАО-и чин, ба монанди агентии Синхуа ва рузномаи “Жэнмин жибао” – ро таъкид кард ва изхори ният кард, ки шарикии ВАО-ро таквият дихад.
Аксхо аз манбаъхои кушода