Дар Петербург ба мухочирон то хол дар такси ва интикол кор кардан манъ нашудааст – ИА Караван Инфо
Дар Петербург ба мухочирон то хол дар такси ва интикол кор кардан манъ нашудааст

САНКТ-ПЕТЕРБУРГ, 02 июли соли 2025 – АИ «Караван инфо». Махдудиятхо дар кори мухочирон дар такси ва хадамоти курери дар Петербург хануз чори нашудаанд, лоихаи конуни дахлдор хануз тасдик нашудааст.

Ташаббуси ба тартиб даровардани фаъолияти хадамоти хаткашони дар охири бахор пешниход намуда шуд.

Он мукарраротро дар бораи махдуд намудани суръати максималии скутерхои барки то 15 км/соат, чори намудани либоси хатми ва аломатхои мушаххас барои курерхо, инчунин муайян намудани минтакахое, ки истифодаи ВХИ (воситаи харакати инфироди) манъ намуда мешавад, дар бар мегирифт.

Яке аз банди хуччат манъи чалби шахрвандони хоричие, ки бо патент кор мекунанд, ба кор дар сохаи интикол ва такси буд. Ин масъала дар Мачлиси хукумати дар Санкт-Петербург мавриди мухокимаи фаъол карор гирифт.

Дар айни замон, танхо махдудиятхое, ки ба паст намудани суръати харакат дар рохравхо то 10 км/соат, муайян намудани минтакахои барои курерхо дар ВХИ пушида ва чори намудани аломатхои бакайдгири дар либоси ягона дахл доранд, эътибор пайдо намуданд.

Тибки маълумоти нашрияи “Фонтанка”.ру, ки ба манбаъхои худ ишора мекунад, кисми дуюми лоихаи конун дар бораи мухочирони мехнати хануз дар мархилаи мувофика бо сабаби ихтилофоти байни чонибхои манфиатдор карор дорад.

Аксхо: Global Look Press

error: