Дар Санкт-Петербург полис фаъолияти гурухи чинояткоронро катъ намуд, ки такрибан 900 мухочиронро гайриконуни конуни намуд. Дар ин бора Намояндаи расмии Вазорати корхои дохилии Русия Ирина Волк хабар дод.

Муфаттишон бо моддаи 322.1 Кодекси чиноятии Русия (Ташкили мухочирати гайриконуни) парвандаи чинояти огоз намуданд. Бо гумони ташкили схема як зан боздошт шуд, ки нисбати у чораи пешгири дар шакли манъи амалхои муайян интихоб шудааст. Хамчунин 16 нафар барои тафтиш ба полис оварда шуданд.
Тибки маълумоти пешаки, аз соли 2023 инчониб гурух ба хоричиён ва корфармоёни онхо хуччатхои калбаки бо маълумоти бардуруг дар бораи кор ва истикомати муваккати пешниход намудааст. Арзиши хидматхои гайриконуни аз 35 то 40 хазор рублро ташкил медод.
Пештар дар Москва кормандони полис дар якчояги бо ФСБ се нафарро, ки дар ташкили чунин схема гумонбар буданд, дастгир намуданд.
Аксхо: аз манбаъхои кушода