Петропавловск, 13 ноябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Дар Петропавловск намоишгоҳи “мероси Таърихӣ-фарҳангии давраи Алтин Орда (Жоши Элиси)” бахшида ба 800-солагии Улуси Ҷучӣ баргузор шуд.

Дар доираи чорабинӣ экспонатҳои арзишманд аз фондҳои осорхонаи Миллии таърихӣ – фарҳангӣ ва табиӣ – Мамнӯъгоҳи “Элитау” пешниҳод намуда шуданд. Дар байни онҳо артефактҳои беназир, ба монанди хишти ороишёфтаи мақбараи Олтин Орда, ҳайкалҳои муми шахсиятҳои таърихии он замон, макети мақбараи Ҷошихон, инчунин тангаҳои асримиёнагӣ, харитаҳои қадимӣ ва дигар ашёҳои арзишманди таърихӣ, ки мероси фарҳангии ин давраро инъикос мекунанд.
Дар ҳудуди осорхона – мамнӯъгоҳи “Элитау” ҳоло зиёда аз даҳ ёдгории таърихии даврони Ордаи Тиллоӣ, аз ҷумла чунин иншоотҳои муҳим, ба монанди мақбараи Ҷучихон, Болған Ана, Қурлан Ана ва Аяққамир ҳифз намуда мешаванд.
Пештар намоишгоҳ аллакай дар шаҳрҳои Остона, Алмаато, Туркистон ва Жезқазғон намоиш дода шуда буд.
Аксҳо: аз манбаъҳои кушода
