Дар рох ба суи амнияти экологи: Донишгохи Техникии Точикистон ва ЧХХ талошхои худро дар коркарди партовхо ва хифзи захирахои табии муттахид мекунанд – ИА Караван Инфо
Дар рох ба суи амнияти экологи: Донишгохи Техникии Точикистон ва ЧХХ талошхои худро дар коркарди партовхо ва хифзи захирахои табии муттахид мекунанд

Душанбе, 26 июл, АИ «Караван Инфо». Дар даврони чолишхои глобалии экологи ва тагйирёбии иклим Донишгохи Техникии Точикистон ба номи академик Мухаммад Осими кадами мухиме ба пеш мегузорад: лоихаи байналмилалии илми дар якчояги бо Институти хифзи захирахои хок ва оби Академияи илмхои ЧХХ ва Вазорати захирахои оби Чин огоз ёфт. Дар ин бора ректори Донишгох Кудрат Давлатзода дар нишасти матбуоти хабар дод.

Лоиха ба халли вазифахои мухим — мубориза бо эрозияи хок, идоракунии самараноки захирахои об ва коркарди партовхо нигаронида шудааст. Ба таъсири тагйирёбии иклим ва фаъолияти инсон ба вазъи мухити зист диккати махсус дода мешавад.

Дар доираи лоиха, олимони кафедраи “Бехатарии фаъолияти хаёти ва экология” дар якчояги бо мутахассисони чини равишхои инноватсиониро тахия намуданд, ки ба истифодаи устувори захирахои табии равона намуда шудаанд. Лоиха ба татбики тадкикоти илмии амали ва навсозии техникии озмоишгоххои донишгох тавассути мучаххаз намудани онхо бо тачхизоти муосир равона шудааст.

Яке аз чузъхои асосии лоиха чори намудани усулхои муосири мониторинги экологи буд. Истифодаи дронхои омузиши имкон медихад, ки манбаъхои ифлосшави дакик пайгири намуда шаванд, харитасозии минтакахои ифлосшуда гузаронида шавад ва маълумот барои тахлили минбаъда зуд чамъовари намуда шавад.

Дар асоси натичахои бадастомада стратегияхо оид ба кам намудани партовхо, коркарди дубора ва истифодаи окилонаи табиат тахия намуда мешаванд.

Ректор Кудрат Давлатзода таъкид намуд:”ин хамкори бо яке аз муассисахои пешрафтаи Илмии Чин барои рушди иктидори тадкикотии донишгох, татбики карорхои муосири экологи ва табодули тачрибаи пешкадам дар сохаи хифзи мухити зист дурнамои васеъ фарохам меорад.”

Лоиха на танхо ба рушди устувори кишвар мусоидат хохад намуд, балки ба мухандисон ва экологхои ояндаи Точикистон имкон медихад, ки малакахои амалии кор бо технологияхои навтаринро ба даст оранд.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: