Дар Сафед-Дара “эко-дави Яхбанди” баргузор шуд  – ИА Караван Инфо
Дар Сафед-Дара "эко-дави Яхбанди" баргузор шуд 

Душанбе, 02 июн, «АИ Караван» Инфо. Санаи 1 июн дар куххои зебои Сафед-Дара, дар 50 километр аз пойтахт, чорабинии рамзии экологи Эко — давидани Яхбанди огоз ёфт. Ташаббус дар доираи конфронси байналмилалии сатхи баланд оид ба хифзи пиряххо сурат мегирад ва аз Чониби Котиботи конфронс бо максади чалби таваччух ба масъалахои мухими тагйиребии иклим, рушди устувори минтакахои кухи ва хифзи пиряххо — манбаъхои асосии оби тоза барои тамоми минтака ташкил намуда шудааст.

Ин чорабини аз доираи варзиш берун аст. Он ба як амали хамбастагии экологи ва рохи ба чомеаи чахони расонидани сигналхои ташвишовари табиат табдил меёбад. Имруз пиряххо, ба монанди анборхои хаёт ва манбаъхои об, зуд аз байн мераванд. Гузаронидани мусобика ба ифтихори онхо на танхо ёдрас намудани ноустувории мухити зист, балки даъват ба амал аст.

Ба ин чорабини иштироки кухнаварди машхури амрикои, лижарони ва фаъоли иклим Каролин Глайх ахамияти махсус медихад, ки ба ин мусобика хамрох шуд, то аз ташаббуси глобалии хифзи пиряххо ва ояндаи устувори сайёра дастгири кунад.

Ин мусобика бо роххои гуногун гузаронида шуд:

1.        «Даъвати кухи» (5 км) бо баландии аз 2200 то 2900 метр;

2.        Экиден (эстафета) 4 иштирокчи хар кадоме 1250 метри;

3.        «Миляи ях» (1 600 м) хатсайри платои кухи дар баландии 2200 метр.

Иштирокчиёнро хавои тозаи кухи, хавои офтоби ва манзарахои чолиб интизор буданд. Давомнокии чорабини 7-8 соатро ташкил дод ва аз огози он, маросими чоизасупори ва хуроки нисфирузи дар хавои тоза иборат буд.

Ташкилкунандагон таъкид мекунанд, ки баргузории “эко-дави Яхбанди” рамзи муттахидшавии чомеаи байналмилали дар атрофи хадафи умуми мебошад: хифзи мероси табии, ки ояндаи миллионхо одамон дар Осиёи Маркази ва берун аз он бевосита аз он вобаста аст.

Аксхо: Котиботи конфронси Байналмилалии хифзи пиряххо

error: