Душанбе, 06 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Бохтар 5 ноябр чорабинии тантанавӣ бахшида ба 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар ин чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, инчунин раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат варзиданд.
Маросими тантанавӣ бо сарои Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт, ки ба он рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ҳамбастагӣ бахшид.
Дар суханронии худ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид таъкид намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пояи асосии давлатдории муосири тоҷикон буда, иродаи халқи кишварро ба истиқлолият, озодӣ ва адолат таҷассум менамояд. Ба гуфтаи ӯ, Қонуни асосӣ нақши ҳалкунанда дар таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва пешрафти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат бозидааст.
«Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бо ифтихор худро соҳиби давлати мустақилу озод медонад ва дар фазои сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ мекунад», — зикр кард Давлаталӣ Саид.
Дар доираи чорабинӣ барномаи фарҳангӣ, намоиши эҷодии ҳунармандон ва намоишгоҳи махсус бахшида ба таърих ва аҳамияти Конститутсия баргузор гардид. Рӯҳи шодию ифтихори миллӣ дар тантана бозгӯйи эҳтироми халқи тоҷик ба арзишҳои конститутсионӣ ва дастовардҳои даврони истиқлол буд.
Акс: АМИТ «Ховар»
