Хайати нохияи Сариосиёи вилояти Сурхандарёи Узбекистон дар чашнхои Иди Байналмилалии Навруз дар шахри Хисор иштирок намуд. Мехмонон инчунин бо чойхои таърихии шахр, аз чумла калъаи Хисор шинос шуданд ва бо фархангу тамаддуни бойи точикон шинос шуданд.

Бо ташаббуси макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахри Хисор дар боги зимистонаи “Шаршара” ба ифтихори ташрифи мехмонон аз давлати хамсоя шаби рангини фарханги бахшида ба Навруз баргузор гардид.
Дар чараёни мулокот рохбарияти шахри Хисор ва нохияи Сариосиёи Узбекистон масъалахои тахкими хамкорихои Ду кишвари хамсоя – Точикистону Узбекистонро, ки ба шарофати сиёсати дурандешонаи сарони давлатхо – Эмомали Рахмон ва Шавкат Мирзиёев фаъолона рушд мекунанд, барраси намуданд. Онхо чашни Наврузро хамчун омили мухими тахкими дусти, хамсоягии нек ва хамдигарфахми баланд арзёби намуданд.
Дар чорабинии идона, хунармандони бахши фарханги шахри Хисор ва маркази Фархангии нохияи Сариосиё ба мехмонон барномаи пурчалоли консерти такдим намуда, ба фазои Навруз шоди зам намуданд.
Дар солхои охир иштироки мехмонон ва намояндагони макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахру нохияхои наздимарзии ду кишвари хамсоя – Точикистону Узбекистон – дар чашни Навруз, ки таърихи он беш аз шаш хазор сол дорад, анъанаи нек гардид.
Аксхо: Макомоти Ичроияи хокимияти давлатии шахри Хисор